Содироти фиристандаи садо ва тасвири симкортии донишбунёни эронӣ ба Африқо ва Ғарби Осиё
(last modified Sat, 26 Mar 2022 13:13:32 GMT )
Март 26, 2022 18:13 Asia/Dushanbe
  • Содироти фиристандаи садо ва тасвири симкортии донишбунёни эронӣ ба Африқо ва Ғарби Осиё

Ширкати донишбунёни эронӣ муваффақ шуд, илова бар дастёбӣ ба дониши фаннии фиристандаи садову тасвири симкортӣ ва арзаи он ба бозори дохилӣ ин маҳсулро ба кишварҳои африқоӣ ва Ғарби Осиё низ содир кунад.

Пидром Акбарӣ, мудири тавсеаи бозори ширкати Навоварони иртибототи симои умед” дар мавриди маҳсули фиристандаи садову тасвири симкортӣ гуфт, ин дастгоҳ корбурдҳои зиёде, ба унвони мисол иртибототи садову тасвирӣ барои маросими мазҳабӣ, варзишӣ, семинарҳову суханрониҳо ва ҳатто барои иртиботи зинда дар бистари шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ба роҳатӣ ва арзон ба сурати бесим ва босим фароҳам мекунад.

Акбарӣ афзуд, ин дастгоҳ ба дурбини кобурд муттасил мешавад, баъд аз фишурдасозии тасвир, онро бар бистари Интернет ирсол мекунад.

Мудири тавсеаи бозори ширкати “Навоварони иртибототи симои умед” ҳамчунин гуфт, ин маҳсул ба чанд кишвари африқоӣ ва Сурия содир шудааст ва дар ҳоли густариши содирот ба кишварҳои дигар ҳастем.

Акбарӣ бо баёни ин ки дар даврони корона истифода аз бистари Интернет бисёр афзоиш ёфт, хотирнишон кард: Дар хусуси видеоконфронс телевизионҳои интернетӣ, ҳатто инфлюенсерҳо низ аз ин маҳсул барои доштани як садову тасвири возеҳ истифода мекунанд.