Эрон дар қоби тасвир: Дудкаши ҷин - ҷозибаи аҷиби Занҷон
Март 28, 2022 14:56 Asia/Dushanbe
Дар 120 километрии Занҷон (дар шимоли ғарбии Эрон), Дудкаши ҷини моҳнишон қарор дорад. Ин минтақа аз давраи Модҳо (ҳукумате эронӣ дар садаҳои миёнии ҳазораи якум пеш аз мелод) ба ҷой мондааст.
Дар заминшиносӣ ба Дудкаши ҷинро Ҳуду (Hoodoo) мегӯянд. Ҳуду санге аст, ки мисли қорч (замбурӯғ) кулоҳак дорад. Ин санг ба дунболи фарсоиш, шакле шабеҳи манораи баланду нозук пайдо карда ва дар нӯкаш санги дигаре қарор дорад, дуруст мисли як дудкаши қорчмонанд.
Мардумони қадим сохти Ҳудуро ба деву ҷин нисбат медоданд. Дар байни мардуми маҳаллӣ ин тавр маъруф будааст, ки ҷинҳо бар болои ин дудкашҳо менишинанд.




Барчасп