Март 28, 2022 16:47 Asia/Dushanbe
  • Муштаракоти фарҳангии кишварҳои форсизабон, фурсате тиллоӣ барои тавсеаи таомулот

Раиси Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон гуфт, иштирокоти забонӣ, таърихӣ ва фарҳангии бисёре байни ду кишвар вуҷӯд дорад, ки фурсате тиллоӣ ва муносиб барои тавсеаи равобит ва ҳамкорӣ аст.

Пирҳусайн Куливанд, раиси Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон дар мулоқот бо бо Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон гуфт, иштирокоти забонӣ, таърихӣ ва фарҳангии бисёре байни ду кишвар вуҷӯд дорад, ки фурсате тиллоӣ ва муносиб барои тавсеаи равобиту ҳамкории муштарак аст.

Вай бо таъкид бар инки раисиҷумҳури Эрон бар сиёсати афзоиши ҳамкориҳои ду ва чандҷониба бо кишварҳои ҳамсоя ва минтақа таъкиди бисёр дорад афзуд, дар солҳои гузашта заминаҳои ҳамкории Ҳилоли Аҳмари ду кишвар фароҳам буда ва мо аз афзоиши ҳамкориҳои муштарак истиқбол мекунем.

Раиси Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон аз фаъолияти маркази дармонии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар дар Тоҷикистонро як зарфияти қавӣ дар ростои аҳдофи ҷамъиятҳои миллии ном бурд ва афзуд, маркази дармонии Ҳилоли Аҳмари Эрон дар Тоҷикистон бо кадри дармонии мутахассис,хадамоти бо кайфияту хуберо ироа медод, ки мутаасифона дар ҳоли ҳозир таътил аст.

Вай бо таъкид бар инки Ҳилоли Аҳмари Эрон наҳоде ғайрисиёсӣ ва муайяни давлат дар ироаи хадамоти башардӯстона ба ниёзмандон аст афзуд, ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон бар азсаргирӣ ва тадовуми фаъолияти маркази дармонӣ дар Тоҷикистон барои ироаи хадамоти башардӯстона ба мардуми ниёзманд таъкид дорад ва хостори таъйини таклиф дар бораи идомаи фаъолияти ин маркази дармонӣ ҳастем.

Сафири Тоҷикистон дар Эрон низ дар ин дидор ҳамкориҳои муштарак бо кишвари Эронро як фурсати муғтанам донисту афзуд, яке аз ду мақсади мардуми Тоҷикистон барои дармон ба далели нерӯи мутахассису таҷҳизоти пешрафта, Эрон аст ва мо аз тавсеаи ҳамкории муштарак бо Ҳилоли Аҳмари Эрон бавижа дар ҳавзаи дармон истиқбол мекунем.

 

Барчасп