Март 29, 2022 09:25 Asia/Dushanbe
  • Тими навҷавонони Эрон бо касби панҷумин пирӯзии худ қаҳрамони гандболи соҳилии Осиё шуд
    Тими навҷавонони Эрон бо касби панҷумин пирӯзии худ қаҳрамони гандболи соҳилии Осиё шуд

Тими гандболи соҳилии навҷавонони Эрон бо бартарӣ муқобили Покистон, қаҳрамони дуюмин давраи мусобиқоти қаҳрамонии навҷавонони Осиё шуд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, дуюмин давраи мусобиқоти гандболи соҳилии қаҳрамонии навҷавонони Осиё аз 22 март ва бо ҳузури шаш тими Эрон, Ҳинд, Қатар, Покистон, Урдун ап Афғонистон дар Теҳрон оғоз шуд ва рӯзи душанбе бо баргузории се дидор ва муаррифии тимҳои бартар ба поён расид.

Дар охирин рӯзи ин мусобиқот тими навҷавонони Эрон, Покистонро аз пеши рӯ бардошт ва бо касби панҷумин пирӯзии худ қаҳрамони ин давра аз мусобиқот шуд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп