Март 31, 2022 18:48 Asia/Dushanbe
  • Эрон дар сабади сеюми қуръакашии Ҷоми Ҷаҳонӣ

Бо эъломи ринкинги ҷадид аз сӯи Фифа, Эрон дар ҷойгоҳи бистуякум қарор гирифт то дар сид (сабад) -и сеи қуръакашии Ҷоми Ҷаҳонӣ ҷой бигирад.

Дар фосилаи як рӯз то қуръакашии Ҷоми Ҷаҳонии 2022 Қатар, Федератсияи Ҷаҳонии Футбол ринкинги вижаи худ барои ин қуръакаширо эълом кард, ки бар асоси он Эрон бо вуҷуди имтиёзи манфии ҳосил аз бохт ба Кореяи Ҷанубӣ, ҷойгоҳи 21 худро ҳифз кард то ба ин тартиб дар сиди сеюми Ҷоми Ҷаҳонӣ қарор бигирад.

Ин дар ҳолест, ки Эрон болотар аз Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ тими нахусти қораи Осиё ҳам маҳсуб мешавад ва дар байни тимҳое ки боло рафтани худ ба Ҷоми Ҷаҳониро қатъӣ карданд низ пойинтар аз Сенегал, ҳафдаҳумин ринкинги бартарро дорад.

Дар сурате ки Эрон 40 имтиёз бештар касб мекард, метавонист болотар аз Хорватия қарор бигирад ва дар сиди дувум ҷой дошта бошад, аммо ин иттифоқ дар ниҳоят рух надод.

Бо ин ҳол ҳифзи ҷойгоҳи бистуякумӣ Эронро аз суқут ба сиди чаҳорум наҷот дод то эҳтимоли қуръаи матлуб вуҷуд дошта бошад.

Қуръакашии Ҷоми Ҷаҳонии 2022 Қатар рӯзи ҷумъа, соати 20: 30 баргузор мешавад.

Алии Доӣ, устураи футболи Эрон барои ин маросим даъват шудааст.

 

 

Барчасп