Эъломи таркиби тими миллии футболи Тоҷикистон барои рӯёрӯӣ бо тими миллии Арабистон
(last modified Tue, 12 Mar 2024 08:01:46 GMT )
Март 12, 2024 13:01 Asia/Dushanbe
  • Эъломи таркиби тими миллии футболи Тоҷикистон барои рӯёрӯӣ бо тими миллии Арабистон

Кадри фаннии тими миллии Тоҷикистон бо ҳидояти Гела Шекиладзеи гурҷистонӣ, таркиб тими худро барои мусобиқоти муқаддамотии Ҷоми ҷаҳонии 2026 эълом кард.

 Тими миллии Тоҷикистон дар чорчуби дидорҳои муқаддамоти Ҷоми ҷаҳонии 2026 дар гурӯҳи"g" ба масофи тими миллии Арабистони саудӣ меравад.

Шекиладзе 25 бозикун, шомили 3 дарвозабон, 8 муҳофизатчӣ, 10 ниммуҳофизатчӣ ва 4 ҳамлагарро даъват кардааст.

 Сармураббии Тоҷикистон аз 2 бозикуни нав ба номҳои Меҳрубон Каримов ва Муродалӣ Ҳақназаров ҳам даъват кард.

 Тими миллии Тоҷикистон шомгоҳи 18 март барои дидор муқобили Арабистон роҳии Риёз мешавад.

 Ин бозӣ рӯзи 21 март соати 23:59 ба вақти Душанбе оғоз мешавад ва бозии баргашт низ 26 март дар варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад.

 Ин аввалин бозии тими Тоҷикистон бо сармураббии нав  Гела Шекиладзе аст, ки ба тозагӣ ҷойгузини Петр Сегрти хорват шудааст.