Март 31, 2022 21:08 Asia/Dushanbe
  • Футболи Эрон дар раддаи 21 дунё боқӣ монд

Тими миллии футболи Эрон бидуни тағйир нисбат ба моҳи гузашта, дар раддаи бистуякуми ҷаҳон қарор гирифт.

Дар охирин раддабандии Федератсияи байналмилалии футбол, тими миллии футболи Эрон ҳамчунон дар раддаи 21 ҷаҳон қарор дорад ва беҳтарин тими осиёии ин раддабандӣ низ маҳсуб мешавад.

Бразилия пас аз муддатҳо ҷои Белгияро дар садри ин раддабандӣ аз они худ кард.

Белгия, Фаронса, Аргентина ва Англия ҳам дар раддаҳои дувум то панҷум қарор доранд.

Италия ҳам, ки дар баромадан ба Ҷоми Ҷаҳонӣ ноком монд, ҳамчунон рутбаи шашуми ҷаҳонро ба худ ихтисос додааст.

 

 

 

 

Барчасп