Ҷон бохтани 36 бемори коронаии дигар дар Эрон
Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард, дар 24 соати гузашта 36 бемори Ковид -19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмуи ҷонбохтагони ин беморӣ ба 140 ҳазору 240 нафар расид.
Аз рӯзи панҷшанбе то ҷумъа бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ ду ҳазору 264 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид-19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки 315 нафар аз онҳо бистарӣ шудаанд.
Маҷмуи беморони Ковид -19 низ дар кишвар ба 7 миллиону 164 ҳазору 484 нафар расид ва як ҳазору 633 нафар аз беморони мубтало ба Ковид-19 дар бахшҳои муроқибатҳои вижаи бемористонҳо таҳти муроқибат қарор доранд.
То кунун 6 миллиону 877 ҳазору 834 нафар аз беморон беҳбуд ёфта ва ё аз бемористонҳо тархис шудаанд.
Ҳамагирии вируси корона то кунун ҷони шаш миллиону саду 48 ҳазору 925 нафарро дар сатҳи ҷаҳон гирифтааст.
Корона то кунун чаҳор ҷаҳиши женетикии хатарнок, шомили Алфа, Бета, Гама ва Делта доштаву Омикрон ҷадидтарин нусхаи ҷаҳишёфтаи ин вирус аст.
Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт пештар нисбат ба сунамии навъҳои Омикрон ва Делта ба дунболи рекордшикании мавориди ибтило ба Ковид-19 дар сатҳи ҷаҳон ҳушдор дод.