Апрел 02, 2022 17:05 Asia/Dushanbe
  • Кабедии Эрон, ҷаҳонӣ шуд
    Кабедии Эрон, ҷаҳонӣ шуд

Аббоси Урсаҷӣ ба унвони ноибраиси федератсияи ҷаҳониии кабедӣ ва раиси кумитаи тағироти асосномаи ин ниҳоди ҷаҳонӣ интихоб шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон дар маҷмаъи интихоботии федератсияи ҷаҳонии кабедӣ, ки дар Дубай баргузор шуд, Кумор аз Ҳинд ба раёсати федератсияи ҷаҳонӣ баргузида шуд.

Албатта масъулияти федератсияи кабедии Осиё то замони интихоботи ин конфедрасион низ ба Урсаҷӣ супорида шуд, то ин конфедрасион барои нахустин бор мустақил аз ташкилоте, ки пеш аз ин ба таври ҳамзамон дар ихтиёри раиси федератсияи ҷаҳонӣ буд, корашро оғоз кунад.

Қарор аст Урсаҷӣ, ки ба сарпарастии конфедерасиони Осиё интихоб шуда аст бо таъини асосномаи ҷадиди конфедерасиони Осиё ва баргузории интихобот, ки ба зудӣ баргузор мешавад ба раёсати ин конфедерасион баргузида шавад.

Зимни ин ки раиси федератсияи кабедии Эрон ба унвони раиси кумитаи тағироти асосномаи федератсияи ҷаҳонии кабедӣ низ интихоб шуд.

 

Барчасп