Апрел 02, 2022 18:53 Asia/Dushanbe
  • Истиқболи Эрон аз ибтикори Созмони Миллал дар барқарории оташбас дар Яман
    Истиқболи Эрон аз ибтикори Созмони Миллал дар барқарории оташбас дар Яман

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон аз ибтикори намояндаи вижаи Созмони Миллали Муттаҳид дар умури Яман бари таваққуфи амалиёти низомӣ ба муддати ду моҳ дар Яман ва иҷозаи вуруди киштиҳои дорои маводи ғизоӣ ва сӯхт ва ҳамчунин бозгушоии нисбии фурудгоҳи Санъо истиқбол кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон Ҳонс Гронберг "Hans Grundberg" намояндаи вижаи Созмони Миллали Муттаҳид дар умури Яман ҷумъа шаб эълом кард, давлати наҷоти милллии Яман ва эътилофи мутаҷовизи Саъудӣ ба пешниҳоди Созмони Миллал барои барқарории  як оташбаси 2 моҳа, ки аз соати 19 рӯзи шанбе 2 апрел иҷроӣ мешавад посухи мусбат доданд.

Саиди Хатибзода, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон бомдоди шанбе бо интишори паёме ибрози умедворӣ кард, ин иқдом битавонад муқадимае барои рафъи комили муҳосира ва барқарории доими оташбас дар ростои ёфтани роҳи ҳалли сиёсӣ барои буҳрони Яман бошад.

Хатибзода бо таъкид бар дидгоҳи Эрон дар ҳимоят аз роҳи ҳалли сиёсӣ ва инсонӣ дар Яман гуфт, умедворам дар остонаи моҳи мубораки Рамазон бо авлавият додан ба масоили инсонӣ ва бо истиқрори оташбас шоҳиди беҳбуди шароити инсонӣ ва мубодилаи комили асирон ва зиндониёни байни тарафҳои даргир дар ин кишвар бошем.

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон ҳамчунин ибрози умедворӣ кард, ин иқдом битавонад замина барои шуруъи ибтикори сиёсӣ барои ҳалли буҳрон бошад.

Арабистон бо ҳимояти Амрико, Аморот ва чанд кишвари дигар аз марти соли 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ ва дарёӣ ва ҳавоӣ ин кишвар кард.

Ҷангафрузии Арабистон ва мутаҳидонаш дар Яман то кунун ба кушта ва захми шудани садҳазор яманӣ ва оворагии 4 миллион нафар мунҷар шуда аст.

Таҷовузи низомии Арабистон ҳамчунин беш аз 85 дарсади зерсохтҳои Яманро тахриб ва ин кишвар бо камбуди зиёди маводи ғизоӣ ва доруӣ ру ба ру шуда аст.

Бино бар эъломи Созмони Миллали Муттаҳид, Яман дучори бадтарин буҳронҳои инсонӣ дар ҷаҳон аст. Ҳамчунин акнун 80 дарсад аз ҷамъияти 29 миллион нафараи Яман барои идомаи зиндагӣ ба кумак ниёз доранд.

 

Барчасп