Апрел 05, 2022 21:10 Asia/Dushanbe
  • Содироти 5 ҳазор тонна картошка аз Эрон ва Узбакистон
    Содироти 5 ҳазор тонна картошка аз Эрон ва Узбакистон

Эрон дар 2 моҳи гузаштаи соли ҷорӣ 5 ҳазору 200 тонна картошка ба Узбакистон содир кард.

Узбакистон дар ду моҳи гузашта 122 ҳазору 400 тонна картошка ба арзиши 21 миллион доллар аз 7 кишвари хориҷӣ ворид кард, ки 5 ҳазору 200 тоннаи он аз Эрон будаст.

Воридоти картошка аз Узбакистон дар муқоиса бо муддати мушобеҳи солигузашта тақрибан 42 дарсад афзоиш пайдо карда аст.

Ҳамакнун дар 156 кишвари ҷаҳон беш аз 376 миллиону 900 ҳазор тонна картошка дар сол тавлид мешавад, Узбакистон дар байни ин кишварҳо мақоми 23-ро дорад.

Чин, Ҳинд, Украина, Амрико, Олмон, Лаҳистон, Фаронса ва Ҳоланд бузургтарин тавлидкунандаи картошка ҳастанд.

Дар соли 2021 дар Узбакистон ҳудуди 3 миллиону 200 ҳазор тонна картошка тавлид шуда аст.

 

Барчасп