Апрел 07, 2022 19:19 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ҳамоиши тиҷоратии Эрон ва Русия
    Баргузории ҳамоиши тиҷоратии Эрон ва Русия

Ҳамоиши бузурги тиҷоратии Эрон ва Русия бо ҳузури намояндагони беш аз 350 ширкати эронӣ ва русӣ баргузор шуд.

Ҳамоиши бузурги тиҷоратии Эрон ва Русия бо ҳузури намояндагони беш аз 350 ширкати эронӣ ва русӣ рӯзи панҷшанбе 7 апрел дар толори ҳамоишҳои утоқи бозаргонӣ ва саноъати Русия баргузор шуд.

Дар ин ҳамоиш Козими Ҷалолӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Маскав Алиризо Паймонпок, раиси кулли Созмони тавсеаи тиҷорати ва Сергей Катрин, раиси утоқи бозаргонӣ ва саноъати Русия дар хусуси зарфиятҳои ҳамкориҳои иқтисдоӣ ва тиҷоратии байни ду Эрон ва Русия ба вижа дар шаройти кунунӣ ба суханронӣ пардохтанд.

Дар идомаи ин ҳамоиш намояндагони 70 ширкати эронӣ ва 300 ширкати русӣ дар 9 бахши мухталиф аз ҷумла саноъат, фановарӣ, соҳаи нефтукимиё, дору, саноъати ғизоӣ ва ғайра ба сурати ру дар ру бо якдигар ҷаласаҳои тиҷорӣ баргузор карданд ва ба музокира пардохтанд.

Рӯзи душанбе ҳайати 70 нафараи эронӣ вориди Маскав шуд, ҳайате, ки 53 нафар онро бахши хусусӣ ташкил медиҳад.

Ин ҳайат аз ҳавзаҳои мухталиф ҳамчун семент, обзиён, саноъати ғизоӣ, саноаъти пойафзол, пушок, таҷҳизоти пизишкӣ, доруӣ ва донишбунён ҳастанд.

 

Барчасп