Апрел 09, 2022 14:30 Asia/Dushanbe
  • Барқарории парвози ҳафтагии Теҳрон - Душанбе ба тавсеаи гардишгарӣ кумак мекунад

Раиси Камиссиони гардишгарии утоқи Эрон гуфт: афзоиши теъдоди парвозҳо миёни Эрону Тоҷикистон ва барқарории парвози ҳафтагӣ миёни Теҳрон - Душанбе аз илзомоти тавсеаи гардишгарӣ миёни ду кишвар аст.

Ба гузориши сомонаи Утоқи Эрон,  Алиакбар Абдулмаликӣ афзуд, барои афзоиши парвозҳо миёни ду кишвар ва анҷоми парвози ҳафтагӣ миёни Теҳрон - Душанбе ва ҳамчунин дигар шаҳрҳои Эрон тадобири лозим андешида шавад.

Абдулмаликӣ дар нишасти ҳамандешӣ ва табодули назар миёни Комиссиони гардишгарии Утоқи Эрон ва сафорати Тоҷикистон, бо таъкид бар лузӯми мутолиаи коршиносии мавонеъи мавҷӯд барои иртиқои гардишгарӣ миёни Эрону Тоҷикистон баён кард: фурсатҳо ва ҷозибҳои туристии зиёде дар ҳар ду кишвар вуҷӯд дорад ва сирфан ниёз ба шиносондан ба шевае беҳтар ва густариши иттилооту ҳамкориҳо аз масирҳои ҷадид аст.

Дар идомаи ин нишаст ҳамчунин Маъруфҷон Абдураҳмонов, дабири аввали сафорати Тоҷикистон дар Эрон низ бо ишора ба пешинаи равобити ҳасанаи ду кишвар ва алоқаҳо ва иртибототи амиқи ду миллат, бар густариши таъомулоти ду кишвар дар тамомии ҳавзаҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ ва гардишгарӣ таъкид карда ва гуфт, афзоиши таомулоту иртиботот, тавсеаи тиҷоратро низ ба ҳамроҳ хоҳад дошт.

Ӯ афзуд, дар соли 2020 ҳаҷми тиҷорати ду кишвар 57 миллион доллар буд ва ин рақам дар соли 2021 дар пайи талошҳои сӯратгирифта ба 121 миллион доллар афзоиш ёфт. Умедворем ин раванд тадовум ёфта ва ба зудӣ ба ҳадафи таъйин шуда аз сӯи раисони ҷумҳурии ду кишвар барои 500 миллион евро тиҷорати дуҷониба даст пайдо кунем.

Вай бо баёни инки ду кишвари Эрону Тоҷикистон, токунӯн дар ҳудӯди 180 санади ҳамкорӣ имзо кардаанд таъкид кард, ончӣ ниёз аст пайгирии ҷаддитар ҷиҳати иҷросозии барномаҳо ва тарҳҳо аст. Ӯ афзуд, дар кишвари Тоҷикистон заминаи мусоиде барои сармоягузорӣ ва ҳамкории ширкатҳои эронӣ дар заминаҳои мухталиф, аз ҷумла доруӣ, гардишгарӣ, масолеҳи сохтумонӣ ва дигар саноеъ вуҷӯд дорад ва бо таваҷҷӯҳ ба имконоти Тоҷикистон барои ҳамли рейлӣ ва тавофуқот бо кишварҳои ҳамсоя, заминаи мусоид барои содирот ба кишварҳои минтақа низ фароҳам аст.