Апрел 11, 2022 21:31 Asia/Dushanbe
  • Вазири хориҷаи Уммон ба Теҳрон меояд
    Вазири хориҷаи Уммон ба Теҳрон меояд

Бархе манобеъи арабӣ хабар доданд вазири хориҷаи Уммон фардо сешанбе ба Теҳрон сафар мекунад.

Саиди Хатибзода, сухангуи Вазорати умури хориҷа имрӯз душанбе эълом кард бахше аз манобеъи арзии Эрон то поёни ҳафта озод мешавад ва дар ҳамин робита як мақоми олирутба то поёни ҳафта ба Эрон сафар мекунад.

Ба гузориши хабаргузории Эрон Пресс, Ал-Арабӣ-алҷадид дар хабар навишт Бадр ибни Ҳамд Ал-Бусаъидӣ сешанбе ба ҳамроҳи ҳайате вориди Теҳрон хоҳад шуд.

Бархе гузоришҳои расонаӣ ҳоки аз он аст, ки ин сафари Бадр ибни Ҳамд Ал-Бусаъидӣ ба озод шудани бахше аз дороиҳои бандшудаи Эрон марбут мешавад.

Шунидаҳо ҳоки аст маблағи 7 миллиард доллар эҳтимолан ба ҳисоби Бонки Марказии Эрон назди Бонки Марказии Уммон вориз хоҳад шуд.

Шабакаи Ал-Ҷазира низ имрӯз душанбе дар саҳифаи Твиттери худ ба нақл аз як мақоми эронӣ бедуни зикри номи вай навишт ба зуди як мақоми олирутбаи минтақа барои омодасозии раванди озодии ҳафт миллиард доллар аз дороиҳои арзии бандшуда Эрон вориди Теҳрон хоҳад шуд.

Ин мақоми эронӣ афзуд: Ба эҳтимоли зиёд ин маблағ назди Бонки Марказии Уммон ба вадиъа гузошта шавад ва ин масъала метавонад ба рафъи тадриҷии таҳримҳои бонкии Эрон кумак кунад.

Бадр ибни Ҳамд Ал-Бусаъидӣ, вазири умури хориҷаи Уммон исфандмоҳ  низ ба Теҳрон сафар карда буд.

 

Барчасп