Ҳамзистии мардуми Эрону Афғонистон садди муҳкаме дар баробари тавтеаҳост
Сухангӯи давлати Эрон гуфт, солҳо ҳамзистии муҳаббатомези мардуми Эрон бо муҳоҷирони афғонистонӣ садди муҳкаме дар баробари тавтеаҳои тафриқаомез алайҳи ду миллат аст.
Алӣ Баҳодурии Ҷаҳрамӣ дар ҳисоби корбарии худ дар Твиттер навишт: Собиқаи тамаддунӣ ва фарҳангии муштараки Эрон ва Афғонистон яке шудани хунҳо дар баробари таҷовузу ишғолгарӣ дар маёдине ҳамчун Дифои муқаддас ва дифоъ аз ҳарам ва солҳо ҳамзистии муҳаббатомези мардуми Эрон бо муҳоҷирони афғонистонӣ, садди муҳкаме дар баробари тавтеаҳои тафриқаомез алайҳи ду миллат аст.
Шуморе аз бадхоҳони равобити Эрон ва Афғонистон таҳти таъсири илқооти тафриқаафканонаи машкук дар шабакаҳои иҷтимоӣ, рӯзи душанбе муқобили Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Кобул ва консулгарии Эрон дар Ҳирот таҷаммуъ ва иқдом ба сангпарронӣ карданд.
Ин афрод баъд аз ҳамла ба сохтмони консулгарии Эрон дар Ҳирот, илова бар оташ задани лостик (резини чархи мошин) дар муқобили ин сохтмон, дурбинҳои амниятии онро низ шикастанд.