Апрел 15, 2022 15:33 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Раисӣ бар зарурати осонсозии сафар ба маконҳои зиёратӣ

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар Шурои олии ҳаҷҷу зиёрат таъкид кард, дастгоҳҳои марбута заминаи сафари осони зоирон ба маконҳои зиёратии хориҷу дохили кишварро фароҳам кунанд.

Сайид Иброҳими Раисӣ дар ин ҷаласа осонсозии сафарҳои зиёратиро аз вазоифи муҳим донист ва бо ишора ба осору баракоти ин сафарҳои маънавӣ гуфт: Созмони ҳаҷҷу зиёрат бо ҳамкории вазоратхонаҳои марбута шароити муносиберо барои сафари осону арзони зоирон ба маконҳои зиёратӣ, ба вижа атаботи олиёт (шаҳрҳои Ироқ: Карбало, Наҷаф, Сомирро, Козимайн) ва Сурия аз масирҳои ҳавоӣ ва заминӣ фароҳам кунад.

Раисӣ ҳамчунин анҷоми пайгириҳои лозим барои бозкушои марзҳои заминӣ бо Ироқро мавриди таъкид қарор дод.

Раиси ҷумҳурӣ ҳамчунин бо ҳадафи коҳиши қиматҳо ва осонсозии сафари зоирон дастур дод, фароянди чартерии ҳавопаймоҳои сафар ба атабот дар Вазорати роҳу шаҳрсозӣ ва Созмони ҳавопаймоии кишварӣ, ба Созмони ҳаҷҷу зиёрат низ вогузор шавад.

 

Барчасп