Апрел 16, 2022 11:30 Asia/Dushanbe
  • Амалкарди заъифи футболисти тоҷик дар тими Персполис

Амалкарди заъифи Ваҳдати Ҳаннонов дар бозии Персполис  Алюминиюми Арок бо интиқодоти тунди ҳаводорони Персполис мувоҷеҳ шуд.

Ин бозикуни тоҷикистонӣ рӯи ду голи ҳариф муқассир буд ва аслан натавонист интизоротро бароварда кунад ва албатта баъд аз бозӣ аз ҳаводорони Персполис узрхоҳӣ кард.

Як манбаи хабарӣ эълом кард, Ҳаннонов ва Сафаров барои фасли оянда ҳеҷ шонсе барои мондан дар Персполис надоранд ва бояд ба кишвари худ баргарданд.

Ҳатто агар Гулмуҳаммадӣ дар Персполис намонад баъид аст, Ваҳдат Ҳаннонов ва Манӯчеҳр Сафаров монданӣ шаванд, албатта қимати ҷазби онҳо хеле боло набуд, аммо ба ҳар ҳол дар ин муддат натавонистаанд интизороти кодри фаннӣ ва коршиносонро бароварда кунанд.

Аммо Гулмуҳаммадӣ ҳам қасд надорад дар идомаи рақобатҳои Лигаи бартар аз вуҷӯди ин ду бозикун истифода кунад.

Ӯ дар бозӣ бо Алюминиюм Сидҷалолро гарм кард то аз вуҷӯди ӯ истифода кунад, аммо ба тарзи аҷибе пушаймон шуд ва то поёни мусобиқа капитани пурифтихори Персполисро ба замин нафиристод.

 

Барчасп