Апрел 17, 2022 14:17 Asia/Dushanbe
  • Эрон дар шароити таҳрим ҳам мизбони муҳоҷирони афғонистонӣ будааст

Алӣ Баҳодурии Ҷаҳрамӣ, сухангӯи давлати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Твиттер, дар вокуниш ба қасди Британия барои интиқоли паноҳҷӯёни муқими ин кишвар ба Руанда гуфт,  Эрони солҳо дар шароити таҳримӣ ва бидуни кумакҳои байналмилалӣ мизбони муҳоҷирони афғонистонӣ будааст.

Ҳамчунин Саиди Хатибзода, сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон дар паёме гуфт: Фиристодани иҷбории паноҳҷӯёни муқими Британия ба Руанда муғойир бо рӯҳу матни Конвенсияи паноҳандагон аст.

Давлати Британия эълом кардааст, қасд дорад барои муқобила бо раванди физояндаи муҳоҷират ба ин кишвар аз масири пурхатари гузаргоҳи канали Манч (Манш), паноҳҷӯёнро ба кишвари африқоии Руанда мунтақил кунад.

Бори Ҷонсон, нахуствазири Британия ин иқдомро, ки абъоди ҳуқуқии он чандон равшан нест, дар ростои муқобила бо қочоқчиён донистааст.

Саиди Хатибзода дар идома бо баёни ин ки колоангории паноҳҷӯён ва низ эъмоли хушунат ва рафторҳои таҳқиромез алайҳи онҳо муғойир бо каромати инсонӣ аст, афзуд: Тарҳи давлати Британия барои ихроҷи паноҳҷӯён дар ҳоле аст, ки ин кишвар ва соири кишварҳои ғарбӣ ҳамвора талошҳои Ҷумҳурии исломии Эрон дар мудирияту расидагӣ ба миллионҳо муҳоҷиру паноҳандаро нодида мегиранд.

 

Барчасп