Апрел 18, 2022 09:15 Asia/Dushanbe
  • Муваффақияти озмоишҳои парвозии “Паҳподи Ғазза”

“Паҳподи Ғазза” - сохти Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон ба таври комил амалиётӣ шудааст ва метавон аз он дар анвои маъмуриятҳои шиносоӣ ва размӣ истифода кард.

“Паҳподи Ғазза” - сохт Сипоҳи посдорон дорои 21 метр даҳонаи бол ва 3100 килограм ҷирми бархост аст ва метавонад 500 килограм маҳмулаҳои мухталифро бо худ ҳамл кунад.

Ба гуфтаи сардор Амиралӣ Ҳоҷизода, фармондеҳи Неруи ҳаво-фазои Сипоҳи посдорони Эрон, ин паҳпод тавонои ҳамли 13 бомба ба таври ҳамзамонро дорад.

Тӯли парвозии “Паҳподи Ғазза” 35 соат, баландии парвозӣ ҳудуди 10668 метр, муодили 35000 по ва суръати парвозии он 350 километр бар соат аст.

Паҳподи Ғазза дар муқоиса бо Паҳподи Шоҳид – 129, ки яке аз муҳимтарину пуркорбурдтарин ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини сипоҳ аст, аз қобилиятҳои бештаре баҳра мебарад.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп