Роҳ ёфтани тими волейболи духтарони Эрон ба ниманиҳоии Ҷоми Италия
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i84362
Тими волейболи навҷавонони духтари Эрон бо шикасти намояндаи Руминия дар марҳалаи якчаҳоруми ниҳоии Ҷоми Италия ба ҷамъи чаҳор тими бартар роҳ ёфт.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Апрел 18, 2022 09:24 Asia/Dushanbe
  • Роҳ ёфтани тими волейболи духтарони Эрон ба ниманиҳоии Ҷоми Италия

Тими волейболи навҷавонони духтари Эрон бо шикасти намояндаи Руминия дар марҳалаи якчаҳоруми ниҳоии Ҷоми Италия ба ҷамъи чаҳор тими бартар роҳ ёфт.

Марҳалаи якчаҳоруми ниҳоии мусобиқоти волейболи навҷавонони зери 17 соли духтари ин ҷом якшанбешаб дар шаҳри Порденонеи Италия пайгирӣ шуд.

Тими волейболи навҷавонони духтари Эрон, ки бо се бурди паёпай ва садрнишинӣ дар гуруҳи муқаддамотӣ, ба марҳалаи якчаҳоруми ниҳоӣ роҳ ёфта буд, дар ин марҳала ба масофи намояндаи кишвари Руминия рафт ва бо шикасти се бар яки ин тим, чаҳорумин бурди мутаволии худро сабт кард ва ба марҳалаи ниманиҳоӣ ва ҷамъи чаҳор тими бартари ин рақобатҳо суъуд кард.

Тими волейболи навҷавонони духтари Эрон субҳи имрӯз - душанбе дар марҳалаи ниманиҳоӣ ба масофи намояндаи Италия меравад ва дар сурати шикасти ин тим финалист хоҳад шуд.