Хатибзода: Озодсозии манобеи арзии Эрон ба Амрико рабте надорад
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид кард, озодсозии манобеи арзии Эрон ба Амрико рабте надорад.
Даври ҳаштуми музокироти рафъи таҳримҳо, ки аз 27 декабри 2021 оғоз шуд, 11 марти 2022 ба пешниҳоди Ҷозеп Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо вориди як давра танаффус шуд ва музокиракунандагон барои машваратҳои сиёсӣ ба пойтахтҳои худ бозгаштанд.
Аз он замон то кунун тарафайн аз пешрафт дар музокирот ва кам шудани мавориди ихтилофӣ сухан гуфтаанд, вале мавзуи тазминҳову хориҷ кардани ашхоси ҳақиқиву ҳуқуқӣ аз листи қирмиз ва аз маҷмуаи таҳримҳо ҳамчунон аз мавориде аст, ки Амрико ба унвони ноқизи БарҶом тасмими сиёсии лозимро барои ҳаллу фасли он рӯйи даст нагирифтааст.
Саиди Хатибзода, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон имрӯз (душанбе) дар нишасти хабарӣ гуфт, тавофуқоте дар мавриди озодсозии бахше аз манобеи Эрон анҷом шудааст, ки ба Амрико муртабит нест ва иҷоза намедиҳем ба он вуруд кунад.
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар мавриди озодсозии манобеи арзии Эрон гуфт, озодсозии манобеи Эрон бозгашти пулҳое аз ҳисоби содироти коло ва хадамот аст ва рабте ба кишварҳои сеюм надорад. Дар ҳоле ки Амрико талош мекунад дар мавриди ҳар мавзуе мудохила кунад, ки бо иддаоҳои он фосила дорад.
Хатибзода бо гиромидошти Рӯзи Артиш, дар мавриди мавзуоти боқимонда дар гуфтугӯҳои Вена низ афзуд, мавзуоти гуфтугӯҳои Вена барои ҳама ба хубӣ равшан шудааст ва то замоне ки ба куллият тавофуқ накунем, дар бораи ҳеҷ чиз тавофуқ нахоҳем кард.
Хатибзода ҳамчунин гуфт, мавзуоте ҳанӯз боқӣ мондааст ва қарор нест дар БарҶом тағйире анҷом шавад ва мавзуоти боқимонда замоне ки тамом шавад, метавонем бигӯем тавофуқ дар дастрас аст.
Бештар бихонед: