Апрел 19, 2022 09:30 Asia/Dushanbe
  • Иҷрои тафоҳумот байни Эрону Ироқ дар заминаи атабот зарурӣ аст

Раисиҷумҳури Ироқ дар дидор бо раиси Созмони ҳаҷу зиёрати Эрон ваъда дод, ҳамаи талоши худро дар заминаи иҷроӣ ва амалиётӣ шудани тафоҳумоти муштарак дар заминаи атабот(зиёратгоҳҳо) ба беҳтарин наҳв ба кор хоҳад баст.

Барҳам Солеҳ, раисиҷумҳури Ироқ дар дидори Саидсодиқ Ҳусайнӣ, раиси Созмони ҳаҷу зиёрати Эрон дар Бағдод бо таъкид бар бародарӣ, дӯстӣ ва таҳкими равобит байни ду кишвар изҳор кард, иҷрои тафоҳумот байни Эрону Ироқ дар заминаи атабот зарурӣ аст.

Барҳам Солеҳ афзуд, равобити Эрон ва Ироқ метавонад намунае аз беҳтарин равобит байни ду кишвар дар миёни кишварҳои минтақа бошад.

Раиси Созмони ҳаҷу зиёрати Эрон низ дар ин дидори самимона, саломи гарму вижаи Саидиброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эронро ба раисиҷумҳури Ироқ иблоғ ва мутақобилан Барҳам Солеҳ низ саломи дӯстона ва вижаи худро барои Раисӣ самимона посух гуфтанд.

Саидсодиқ Ҳусайнӣ бо ироаи гузорише аз дидорҳои ҳайати эъзомии Эрон бо вазирони кишвар, фарҳангу гардишгарӣ ва беҳдошту дармони Ироқ аз Барҳам Солеҳ дархост кард то бо ҳимоятҳои худ аз музокироти сурати гирифта, заминаи тавсеаи равобити зиёратӣ байни ду кишварро ба шакли беҳтаре фароҳам кунад.

 

Барчасп