Апрел 20, 2022 23:17 Asia/Dushanbe
  • Нахустин шаби Қадр ва шабзиндадории мусулмонон
    Нахустин шаби Қадр ва шабзиндадории мусулмонон

Имшаб, шаби нӯздаҳуми моҳи мубораки Рамазон-нахустин шаб аз шабҳои Қадр аст ва мардуми саросари Эрон бо ҳузур дар масоҷиду дигари амокини мазҳабӣ ойини шаби Қадрро баргузор мекунанд.

Саҳаргоҳи нуздаҳуми моҳи мубораки Рамазон  ибни Мулҷами Муродӣ-аз гуруҳи хавориҷ дар ҳоле, ки ҳазрати Имом Алӣ (ъ)-ёри бовафо, писарамак ва домоди Паёмбар(с) дар ҳоли иқомаи намози субҳ буданд, шамшери заҳрогини худро бар фарқи мубораки эшон фуруд овард.
Ишон пас аз зарбат хурдан дар хона бистарӣ ва ду рӯз баъд, бисту якуми моҳи мубораки Рамазон шаҳид шуданд.
Шабҳои нӯздаҳум, бисту якум ва бисту сеюми моҳи мубораки Рамазон бино бар ривоятҳои мухталиф шабҳои Қадр аст ва бисёре аз мусулмонон бо шабзиндадорӣ, Қуръон бар сар гирифтан, ниёйиш ва хондани дуои Ҷавшани кабир бо Худои худ розу ниёз мекунанд.
Шаби Қадр, шабе аст, ки дар тамоми соли шабе ба фазилати он намерасад ва амал дар он беҳтар аз амал дар ҳазор моҳ аст ва дар он тақдири сол рақам мехурад.
Мардуми муъмини Эрони исломӣ дар шабҳои Қадр бо ҳузур дар масоҷиду дигари амокини мазҳабӣ ба вижа ҳарами мутаҳҳари Имом Ризо (ъ) дар Машҳад (шимоли шарқи Эрон),масҷиди Ҷамкарон ва ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Маъсума (с) дар Қум (ҷануби Теҳрон) ойини шаби Қадрро ба ҷо меоваранд.
Садо ва Симои Ҷумҳурии исломии Эрон орзӯи қабулии ибодоти ҳамаи мусулмононро дар моҳи мубораки Рамазон ба вижа дар шабҳои Қадр аз Худованди Муттаъол хостор аст.

 

Барчасп