Апрел 21, 2022 16:54 Asia/Dushanbe
  • Ноибқаҳрамонии Эрон дар куштифарангии Осиё
    Ноибқаҳрамонии Эрон дар куштифарангии Осиё

Тими миллии куштифарангии Эрон бо касби 7 медали рангоранг ба унвони ноибқаҳрамони Осиё дар Муғулистон расид.

Сивудуввумин давраи қаробатҳои куштифарангии қаҳрамонони Осиё рӯзҳои 30 ва 31 фарвардин дар шаҳри Уланботури Муғулистон баргузор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон тими Эрон дар ин рақобатҳо бо касби 4 медали тилло, 1 медали нуқра ва 2 медали биринҷӣ ба сакуи дуввуми Осиё истод.

Тими Қазоқистон дар ин мусобиқот бо 2 медали тилло, 5 медали нуқра ва 2 медали биринҷӣ ва 190 имтиёз қаҳрамон шуд ва тими Қирғизистон ҳам бо касби 3 медали тилло, 3 медали биринҷӣ ва 148 имтиёз дар ҷойгоҳ севвум истод.

 

Барчасп