Паёми ҳамдардии Раисӣ бо мардуми Афғонистон
Паёми таслият ва ҳамдардии раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба хонаводаҳои шаҳидони ҳамалоти террористӣ ба мактаби шаҳид Абдураҳими ғарби Кобул иблоғ шуд.
Дирӯз ҷумъа бомб дар муқобили Вазорати тиҷорати Афғонистон дар Кобул мунфаҷир шуд, ки бар асари он як ғайринизомӣ кушта ва як нафари дигар захми шуданд.
Ин инфиҷори террористиро гуруҳи ДИИШ бар уҳда гирифта аст.
Дирӯз ҷумъа ҳамчунин бомба дар масҷиди имом соҳиб вилояти Қундуз дар шимоли Афғонистон мунфаҷир шуд.
Забиҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангуи давлати мувақати Толибон дар Афғонистон теъдоди куштаҳои ин инфиҷорро 33 нафа ва захмиҳоро 43 нафар эълом кард.
Аммо бархе аз манобеъи афғон теъдоди куштаҳои ин инфиҷори террористиро то 60 нафар низ эълом карданд.
Дар рӯзҳои ахир Кобул пойтахти Афғонистон ва манотиқи мухталифи дигари ин кишвар шоҳиди инфиҷорҳо ва ҳамалоти террористи буд, ки бар асари онҳо даҳо нафар кушта ва захми шуданд бархе аз ин ҳамалотро ДИИШ бар уҳда гирифта аст.
Сайд Ҳасани Муратавзӣ, муъовини сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Афғонистон дар дидор бо ҷамъе аз хонаводаҳои шуҳадои ҳамалаи террористӣ ба мактаби шаҳид Абдураҳим дар шаҳри Кобул паёми таслият ва ҳамдардии Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эронро ба хонаводаҳои доғдори Афғонистон иболоғ кард.
Муъовини сафири Эрон дар Афғонистон гуфт: Нигоҳи мо ин аст, ки дар пушти пардаи ин ҷиноятҳо истикбори ҷаҳони аст, ки акнун пас аз шикаст ва хуруҷи хифатбор аз Афғонистон талош дар ноамнсозии ин кишвар дорад ва ҳадафҳои мухталифро пайгири мекунад.
Муртазавӣ афзуд: Ихтилофи қавмӣ ва мазҳабӣ акнун даричае аст, ки ғарб дар Афғонистон ҳадаф қарор дода ва аз ҳамин равзана ба дунболи нуфузи ҷараёни ифротӣ дар Афғонистон аст.
Муъовини сафири Эрон дар Афғонистон таъкид кард: Ҷумҳурии Исломии Эрон барои кумак ба таъмини амният дар Афғонистон омодагӣ дорад ва ин мавзуъро ба масъулони афғон низ иблоғ карда аст.
Бештар бихонед:
Таркиш дар масҷиди "Руми Секандар" дар Қундуз / 30 кушта ва захмӣ