Баргузории маросими эҳёи шабҳои қадр дар Тоҷикистон
(last modified Mon, 25 Apr 2022 12:36:28 GMT )
Апрел 25, 2022 17:36 Asia/Dushanbe
  • Баргузории маросими эҳёи шабҳои қадр дар Тоҷикистон
    Баргузории маросими эҳёи шабҳои қадр дар Тоҷикистон

Маросими эҳёи шабҳои қадр нуздаҳум, бистуякум ва бистусеввуми моҳи мубораки Рамазон бо ҳузури густардаи эрониёни муқим дар маҳали сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон баргузор шуд.

Ба гузориши ихтисосии радиои тоҷикии Садои Хуросон ин маросим бо тиловати оятҳои аз Қуръони Карим шуруъ ва сипас бо муноҷот ва марсиясароӣ дар сувги шаҳодати ҳазрати Али(а) идома ёфт ва ширкаткунандагон дар ин маросими маънавӣ бар сар гирифтани Қуръон дархости ҳоҷатҳо аз Парвардигор оламиён намоз хондан ва қироати Қуръон ба ибодат машғул шуданд ва шабзиндадори кардан.

Дар ин маросим Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон дар суханони бо табйини аҳамияти шабҳои қадр изоҳр дошт: Дар ин ки чаро шаби қадрро, шаби қадр номида шуд суханони бисёр аст аз ҷумла ин ки ба ин ҷиҳат қадр номида шуд, ки ҷамиъи муқдироти бандагон дар тамоми сол дар он шаб таъин мешавад шоҳиди ин маъни дар оятҳои 3 ва 4 сураи Духон аст ки мефармояд:

«إِنّا أَنْزَلْناهُ فی لَیْلَة مُبارَکَة إِنّا کُنّا مُنْذِرینَ * فیها یُفْرَقُ کُلُّ أَمْر حَکیم»

Мо ин китоби мубинро дар шаби пурбаракат нозил кардем ва мо ҳамвора анзоркунанда будем; дар он шабе, ки ҳар амри бар тибқи ҳикмати Худованд танзим ва таъин мегардад.

Сафири Эрон бо ишора ба ин ки шабҳои қадр фурсати бисёр хуб барои тавба кардан, дуъо кардан ва дархост аз Худованд мебошад, вижагиҳои дуъоро баршумурд ва гуфт ихлос дар дуъо шарти лозим аст.

Муҳаммадтақии Собирӣ дар бахши дигар аз суханонаш дар хусуси вижагиҳои ҳазрати Али(а) изҳор дошт: Бузургтарин фазилати ин имом ҳамон шинохт ва ирфони ишон ба Худованд буд ва дар тамоми муддати умри бо баракаташ ҳар коре, ки анҷом дод фақат барои ризои Худо буд ва далели аслии шаҳодати ишон ба дасти ибни Мулҷам инҳирофи фикри ва эътиқоди буд, ки таҳти таъсири гуруҳҳои ифроти қарор гирифта буд, ки мусаасифона имрӯз ҳам иддаи бо афкори ифроти талош дар бадном кардани чеҳраи Ислом ва мусалмонон доранд, ин маросим бо пазироӣ аз ширкаткунандагон поён ёфт.