Дидори ҷамъе аз донишҷӯён бо раҳбари муаззами инқилоб; имрӯз
Апрел 26, 2022 09:06 Asia/Dushanbe
Ҷамъе аз донишҷӯён ва намояндагони ташаккулҳои донишҷӯии саросари Эрон асри имрӯз (сешанбе) бо раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дидор хоҳанд кард.
Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари ҳифзу нашри осори ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, ин дидор бо риояти дастӯруламалҳои беҳдоштӣ, ба сӯрати ҳузурӣ дар ҳусайнияи имом Хумайнӣ (раҳ.) баргузор хоҳад шуд ва дар ибтидо, барномаи намояндагони ташаккулҳои донишҷӯӣ назарот ва дидгоҳҳои худро баён мекунанд.