Апрел 27, 2022 10:53 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоб: Миллати Фаластин дар айни мазлумият, муқтадир аст

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ миллати Фаластинро дар айни мазлумият, муқтадир хонданд ва бо ишора ба муҷоҳидату истодагии ҷавонони фаластинӣ, ки намегузоранд қазияи Фаластин ба фаромӯшӣ супурда шавад, афзуданд: Рӯзи Қудс фурсати муносибе барои эъломи ҳамдиливу ҳамбастагӣ бо мардуми мазлуми Фаластин ва рӯҳия додан ба онҳост.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ асри рӯзи сешанбе дар дидори садҳо нафар аз донишҷӯён ва аъзои ташаккулҳои донишҷӯӣ, бо ишора ба дар пеш будани Рӯзи Ҷаҳонии Қудс, рӯзи Қудси имсолро мутафовит аз солҳои қабл донистанд ва гуфтанд: Мардум ва ҷавонони фаластинӣ фидокориҳои бузурге аз худ нишон медиҳанд ва режими саҳюнистӣ ниҳояти разолату ҷиноятро ба кор бастааст ва ҳар ғалате, ки метавонад анҷом медиҳад ва Амрикову Аврупо низ аз ӯ ҳимоят мекунанд.

Эшон бо интиқоди шадид аз амалкарди давлатҳои исломӣ дар қиболи мавзуи Фаластин хотирнишон карданд: Мутаасифона, давлатҳои исломӣ бисёр бад амал мекунанд ва ҳатто ҳозир ба сухан гуфтан дар мавзуи Фаластин нестанд ва бархе аз онҳо тасаввур мекунанд роҳи кумак ба Фаластин барқарории иртибот бо саҳюнистҳост, дар ҳоле ки ин иштибоҳи бузург аст.

Раҳбари инқилоб бо ишора ба иртикоби ин иштибоҳи бузург аз ҷониби ҳукумати Миср дар чиҳил сол қабл ва барқарории иртибот бо саҳюнистҳо афзуданд: Магар барқарории иртиботи Миср бо режими саҳюнистӣ боиси коҳиши ҷиноёти саҳюнистҳо бар зидди миллати Фаластин ва коҳиши беэҳтиромӣ ба Масҷидулақсо шуд, ки акнун бархе давлатҳои исломӣ мехоҳанд ҳамон иштибоҳи Анвар Содотро такрор кунанд?

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо таъкид бар ин ки барқарории иртибот барои режими саҳюнистӣ низ фоидае нахоҳад дошт, гуфтанд: Умедворем бо лутфи Худованд оқибати кор дар Фаластин ба некиву хушӣ ба саранҷом бирасад ва тасаллути фаластиниҳо бар сарзамини худ ва Масҷидулақсо ба зудӣ муҳаққақ шавад.

Раҳбари инқилоби исломӣ бозгашт ба исломи ноб ва радди таҳаҷҷур ва мавзуи Фаластинро аз шохисҳои инқилоби исломӣ донистанд ва гуфтанд: Ҳувиятзудоӣ ва ормонзудоӣ - ду дағдағаи аслӣ аст, ки бояд дар қиболи онҳо ҳушёр буд, аммо ин ки чӣ касоне ба дунболи ҳувиятзудоӣ, ормонзудоӣ ва истиқлолзудоӣ ҳастанд ва то чӣ ҳад муваффақ буда ё набудаанд, вазифаи донишгоҳиён ва соҳибназарон аст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар баёни аҳамияти бисёр бештари ин дағдағаҳо нисбат ба гузашта афзуданд: Имрӯз ҷаҳон дар остонаи як назми ҷадиди байналмилалӣ аст, ки ин назм баъд аз даврони назми дуқутбии ҷаҳон ва назарияи назми ҷаҳони якқутбӣ дар ҳоли шаклгирӣ аст, ки албатта дар ин давра Амрико рӯз ба рӯз заифтар шудааст.

Эшон афзуданд: Қазоёи ҷанги ахири Украинаро бояд амиқтар ва дар чорчӯби шаклгирии назми ҷадиди ҷаҳонӣ дид, ки эҳтимолан фарояндҳои печидаву душворе дар пайи он шакл хоҳад гирифт, ки дар чунин шароити ҷадиду печидае вазифаи ҳамаи кишварҳо, аз ҷумла Ҷумҳурии исломӣ ҳузури сахтафзорӣ ва нармафзорӣ дар ин назми ҷадид ба манзури таъмини манофеъ ва амнияти кишвар ва ба ҳошия нарафтан аст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид карданд: Барои анҷоми чунин вазифаи бузурге бештарин масъулият бар уҳдаи донишҷӯён ва донишгоҳиён аст ва бар ҳамин асос акнун дағдаға нисбат ба донишгоҳҳо аз аҳамияти дубаробарӣ бархӯрдор мешавад.

 

Барчасп