Суханронии фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорон дар миёни аҳолии Ғаза; имрӯз
(last modified Thu, 28 Apr 2022 13:11:43 GMT )
Апрел 28, 2022 18:11 Asia/Dushanbe
  • Суханронии фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорон дар миёни аҳолии Ғаза; имрӯз
    Суханронии фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорон дар миёни аҳолии Ғаза; имрӯз

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ба муносибати рӯзи ҷаҳонии Қудс дар маросиме, ки тавассути кумитаи фаластини рӯзи ҷаҳонии Қудс дар Ғаза баргузор мешавад ба сурати телевизиони суханронӣ хоҳад кард.

29 апрели соли 2022 баробар бо 9 урдибиҳшти 1401 ва мусодиф аст бо 27 рамазони соли 1443 рӯзи ҷаҳонии Қудс аст.

Имом Хумайнӣ(р) бунёнгузори кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон барои зинда мондани масъалаи асосии Фаластин ва эъломи ҳамбастагии мусалмонони ҷаҳон бо фаластиниҳо ва басиҷи нерӯҳо барои наҷоти Қудси шариф аз ишғоли саҳюнистҳо охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазонро ба унвони рӯзи ҷаҳонии Қудс номгузори карданд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо ин аввалин бор хоҳад буд, ки сардори сарлашкар Ҳусейни Саломӣ, фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар як маросими умумӣ дар Ғаза суханронӣ мекунад.

Суханронии сардор Саломӣ имрӯз панҷшанбе соати 19:30 ба вақти Теҳрон ба сурати телевизионӣ дар ҳузури раҳбарони муқовимат дар Фаластин пахш мешавад.

Дар ин маросим аз хонаводаҳои шуҳадои набарди Сайфул Қудс низ таҷлил хоҳад шуд.

Муқовимати соли гузста бо режими саҳюнистӣ ба далели юриш ба Масҷидул Ақсо дод ва эълом кард, ки таъаруз ба Қудс хати сурхи мо аст, аммо режими саҳюнистӣ ин ҳушдорро нодида гирифт ва ба юриши худ дар Масҷидул Ақсо идома дод.

Ба дунболи ҷиноятҳои Исроил зидди фаластиниён, гуруҳҳои муқовимати Фаластин дар Ғаза эълом карданд, ки ҷиноятҳои Телавивро посух хоҳанд дод ва беш аз 4 ҳазор мушак ва ракета ба тарафи сарзаминҳои ишғолӣ шилик карданд, ки набари "Сайфул Қудс" зидди саҳюнистҳо мунҷар ба шикасти ақибнишинии Исроил аз Ал-Шайхуҷароҳ ва Қудс шуд.