Апрел 29, 2022 17:10 Asia/Dushanbe
  • Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Имрӯз иҷмоъ барои гуфтумони муқовимат вуҷуд дорад

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо баёни ин ки мардуми Фаластин муқтадирона истодаву азми худро бевақфа барои озодии ҳамаи Фаластин аз баҳр то наҳр устувор кардааст, гуфт: Имрӯз дар минтақаи Фаластин барои гуфтумони муқовимат иҷмоъ вуҷуд дорад.

Имрӯз (ҷумъа) 9 урдибиҳиштмоҳи 1401 хуршедӣ, мусодиф бо 27 Рамазони соли 1443 ҳиҷрии қамарӣ Рӯзи Ҷаҳонии Қудс (ҷумъаи охири моҳи Рамазон) аст, ки ба ибтикори имом Хумайнӣ (раҳ), бунёнгузори кабири Ҷумҳурии исломии Эрон номгузорӣ шудааст.

Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Муҳаммадҷавод Ҳоҷиалии Акбарӣ дар хутбаҳои намози ҷумъаи ин ҳафтаи Теҳрон, ки дар Донишгоҳи Теҳрон баргузор шуд, гуфт: Раҳбари ҳакиму имоми олиқадри мо аз Фаластин таъбир ба мазлуми маҷмуаи муқтадир кардаанд, Фаластин мазлум аст, зеро 74 сол аст, ки ин қиблаи аввали муслимин ва ин минтақаи мубораки перомун ва маҳали меъроҷи паёмбар ва меод ва минтақаи қарори умумии муъминон дар чанголи ҷаллодони беҳувият ва як режими ҷаълӣ қарор гирифтаву мудовим муқаддастарин маконҳои мо мавриди анвоъу ақсоми иҳонатҳову ҷасоратҳо аст.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон афзуд: Фаластин мазлум аст ва мардуми азизи он ки ҳафт даҳа аст дар ранҷу дарду ишғол аз як сӯ, куштору шиканҷа аз сӯи дигар, оворагиву урдӯгоҳнишинӣ, тахриби хонаҳову кошонаҳояшон аз тарафи дигар дар баробари чашми ҷаҳониён ва ниҳодҳои ба истилоҳ ҷаҳонии ҳуқуқи башарӣ таҳаммул мекунанд ва навори Ғаззаи мазлум ба зиндони бузург дар ҷаҳон табдил шудааст.

Ҳоҷиалии Акбарӣ унвон кард: Фаластин муқтадир аст, истодаву азми худро бевақфа барои озодии ҳамаи Фаластин аз баҳр то наҳр устувор кардаву имрӯз дар минтақаи Фаластин барои гуфтумони муқовимат иҷмоъ вуҷуд дорад.

 

Барчасп