Сафорати Эрон дар Афғонистон: Ҷараёнҳои ифротӣ ба ҳеҷ мусулмоне раҳм намекунанд
Сафорати Эрон дар Афғонистон эълом кард, ки ҷараёнҳои ифротӣ дар анҷоми ҷиноят ба ҳеҷ фарди мусулмоне ҳам аз шиъа ва суннӣ раҳм намекунанд.
Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Афғонистон дар паёме навишт: “Ҳамлаи террористӣ ба масҷиди Халифасоҳиби Кобул бори дигар нишон дод, ки ҷараёни ифрот дар анҷоми ҷиноят ба ҳеҷ фарди мусулмоне ҳам аз шиъа ва суннӣ, раҳм намекунаду давлати муваққати Толибон бояд дар мубориза бо терроризм ва ифрот ва таъмини амнияти мардуми ин кишвар талоши бештаре кунад. Дар инфиҷори террористии рӯзи ҷумъа дар масҷиди Халифасоҳиби Кобули 50 намозгузори шиъа ба шаҳодат расиданд.
Ба гуфтаи шоҳидони инфиҷор дар замоне рух дод, ки 400 то 500 нафар дар масҷид ҳузур доштанд. Манобеи маҳаллӣ дар Афғонистон рӯзи панҷшанбе низ аз вуқуъи ду инфиҷор дар маҳаллаҳои шиъанишини шаҳри Мазори Шариф хабар доданд, ки дар ҳар ду рӯйдоди террористӣ 9 нафар кушта ва 13 нафар захмӣ шуданд. Аввалин инфиҷор дар ноҳияи сеюми Мазори Шариф ва дувумӣ низ дар ноҳияи даҳум дар чаҳорроҳи "Континер" ба вуқуъ пайвастааст, ки зоҳиран ҳар ду инфиҷор худравҳои мусофирбариро ҳадаф қарор додаанд. Ҳаводиси террористӣ як ҳафтаи ахир дар Афғонистон саволотеро дар мавриди тавонои давлати муваққати Толибон дар мубориза бо терроризм ва тазмини амнияти ин кишвар назди шаҳрвандони афғон ва кишварҳои минтақа ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ эҷод кардааст аз инки мабодо давлати Толибон ба амд ва ё саҳван дар тазмини амният кӯтоҳӣ мекунад.