Парвози Машҳад-Масқат аз сар гирифта мешавад
Мудири кулли фурудгоҳи устони Хуросони Разавии Эрон гуфт, парвози Машҳади Эрон-Масқати Уммон аз рӯзи чоршанбе аз сар гирифта мешавад.
Парвози Машҳади Эрон-Масқати Уммон аз октябри соли 2018 дучори вақфа шуда аст.
Муҳамуди Амонии Банӣ, мудири кулли фурудгоҳи устони Хуросони Разавии Эрон рӯзи шанбе дар гуфтугу бо ИРНА афзуд, ин хати ҳавоӣ аз рӯзи чоршанбе 4 май соли 2022 бо парвози ҳавопаймоӣ Қишм Эйр ба мақсади Масқат ва билакс анҷом мешавад.
Амонии Банӣ таъкид кард, фурудгоҳи Машҳад ба 15 мақсади хориҷӣ парвоз дорад, ки парвозҳои ин мақсадҳоро ҳашт ширкати хориҷӣ ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ эронӣ анҷом медиҳанд.
Фурудгоҳи 540 гектарии шаҳид Ҳошиминажоди Машҳад пас аз фурудгоҳи Меҳрободи Теҳрон дуввумин фурудгоҳи пуртрофики Эрон аст, ки дар тули миёнгини рӯзона 180 парвоз ва дар замони авҷи мусофиратҳо то 250 парвози вуруди ва хуруҷи дар он анҷом мешавад.