Хатибзода: Мубориза бо ғосибони Қудс ҳаққи машрӯъи мардуми Фаластин аст
(last modified Sat, 07 May 2022 04:12:13 GMT )
Май 07, 2022 09:12 Asia/Dushanbe
  • Хатибзода: Мубориза бо ғосибони Қудс ҳаққи машрӯъи мардуми Фаластин аст

Сухангуи вазорати умури хориҷаи Эрон мубориза бо ғосибони Қудсу Фаластинро ҳаққи табиӣ, машрӯъ ва қонӯнии мардуми Фаластин донист.

Даргирӣ миёни фаластиниён ва низомиёни саҳюнист дар Қудси ишғолӣ ва муҷовирати Масҷидулақсо аз ибтидои моҳи мубораки Рамазон оғоз шуда ва ҳамчунон идома дорад.

Ҳамалоти низомиёни саҳюнист ба Каронаи Бохтарӣ ва Қудси ишғолӣ токунӯн боиси шаҳодату захмӣ шудани даҳҳо фаластинӣ шудааст.

Саиди Хатибзода, сухангӯи вазорати умӯри хориҷаи Эрон бо маҳкӯмияти юриши муҷаддад ва мукаррари саҳюнистҳо ба Масҷидулақсо ва тааррузи ваҳшиёнаи низомиёни режими саҳюнистӣ ба намозгузорону мудофеъони амокини муқаддаси Фаластин, эълом кард, ишғолгарӣ ва ишғолгарон рӯ ба завол ҳастанд ва мубориза бо ғосибони Қудсу Фаластин, ҳаққи табиӣ, машрӯъ ва қонӯнии мардуми Фаластин аст.

Вай бо ишора ба ташдиди таҷовузот ва иқдомоти золимонаии режими апартеиди Исроил дар арозии ишғолии Фаластин, хостори кумаки миллатҳо, давлатҳо ва маҷомеи минтақаӣ ва байналмилалӣ ба мардуми Фаластин барои дифо аз худ ва муқобила бо ишғолгарони саҳюнист шуд.

Хатибзода дар поён зимни таъкид бар зарурати ваҳдати ҷаҳони ислом барои дифо аз Фаластин ва наҷоти Масҷидулақсо, оддисозии равобит бо режими апартеиди Исроилро аз авомили ташвиқ ва ташдидкунандаи хушунат тавассути саҳюнистҳо дар арозии ишғолии Фаластин тавсиф кард.

Бештар бихонед: