Май 14, 2022 09:12 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ даргузашти Шайх Халифа бин Зоид Оли Наҳёнро таслият гуфт

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар паёме даргузашти Шайх Халифа бин Зоид Оли Наҳён, раиси кишвари Имороти Муттаҳидаи Арабиро ба валиаҳд, давлат ва миллати ин кишвар таслият гуфт.

Шайх Халифа бин Зоид Оли Наҳён, раиси кишвари Имороти Муттаҳидаи арабӣ дирӯз (ҷумъа) дар 73 солагӣ даргузашт.

Шайх Халифа бузургтарин фарзанди Зоид бин Султон Оли Наҳён, муассиси давлати Иморот, ва валиаҳди ӯ буд ва пас аз фавти падараш ҳокими Абу -Забӣ шуд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии раёсатҷумҳурӣ, Саидиброҳими Раисӣ, раисиҷумҳурии Эрон дар паёме даргузашти Шайх Халифа бин Зоид Оли Наҳёнро ба давлат ва миллати ин кишвар таслият гуфт.

 

Барчасп