Май 14, 2022 13:52 Asia/Dushanbe
  • Азсаргирии судӯри визаи боздиду гардишгарии сафорати Португалия барои эрониён

Сафири Эрон дар Португалия ва раиси полиси марзӣ ва муҳоҷирати ин кишвар дар бораи тасҳилу тасреъ дар судӯри визаи муваққат барои гардишгарону мусофирони эронии озими ин кишвар табодул назар карданд.

Сафорати Эрон дар Португалия дар паёме навишт, дар дидори Муртазо Доманпоки Ҷомӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон бо раиси ҷадиди полиси марзӣ ва муҳоҷирати Португалия, мушкилоти иқомати эрониён бавижа донишҷӯён ва сармоягузорон, матраҳ ва мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ба асоси ин гузориш, сафорати Португалия дар Теҳрон, аз 15 май судӯри визаи боздид ва гардишгарӣ барои эрониёнро аз сар мегирад.

 

Барчасп