Таъкиди Амирабдуллоҳиён бар дастёбӣ ба тавофуқии хубу пойдор дар музокироти Вена
Вазири умӯри хориҷаи Эрон охирин вазъияти музокироти рафъи таҳримҳоро бо ҳамтои юнонии худ мавриди гуфтугў қарор дод ва бар азми Ҷумҳурии исломии Эрон ҷиҳати дастёбӣ ба тавофуқи хубу пойдор таъкид кард .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳусайн Амирабдуллоҳиён дар тамоси телефонӣ бо Никос Дандиас - вазири хориҷаи Юнон дар мавриди бархе мавзӯъоти муносиботи дуҷониба ва ҳамчунин охирин вазъияти музокирот барои рафъи таҳримҳо гуфтугӯ кард .
Вай дар ин гуфтугӯ бо ишора ба зарфиятҳои фаровони ду кишвар барои густариши ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ бар зарурати дахлнопазирии равобити деринаи ду тараф аз асаргузории бархе кунишгарони ғайр таъкид кард .
Дар ин тамоси телефонӣ Никос Дандиас- вазири хориҷаи Юнон низ зимни таъкид бар аҳамияти равобити миёни ду кишвар ، тадовуми тамоси миёни мақомҳои аршади Эрону Юнонро мавриди таъкид қарор дод .
Ҳамчунин тарафайн бо ишора ба равобити торихии ду кишвар бар аҳамияти густариши муносиботи Афинаву Теҳрон тадовуми ҳамкориҳо дар маҷомеъи байналмиллалӣ таъкид карданд .