Май 16, 2022 09:12 Asia/Dushanbe
  • Хатибзода: Ҳуқуқи башар абзоре сиёсӣ барои пешбурди аҳдофи конунҳои қудрати байналмилалӣ аст

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид кард, мавзӯи ҳуқуқи башар ба далели рӯйкарди конунҳои қудрати байналмилалӣ ба абзоре сиёсӣ барои пешбурди аҳдофи он конунҳо табдил шудааст.

Саид Хатибзода дар нишасти тахассусӣ ва таомулии созмонҳои мардумниҳоди дорои мақоми машваратии назди Экосок, ки аз сӯи муовинати умури байналмилали Қувваи қазоия ва Ситоди ҳуқуқи башар баргузор шуд, гуфт: Ҳуқуқи башар яке аз муҳимтарин қурбониёни равобити байналмилали аср ҳозир будааст.

Хатибзода Амрикоро ба унвони давлате баршумурд, ки дар ҷаъбаи абзори сиёсати хориҷии худ аз ҳуқуқи башар ба унвони яке аз абзорҳои маъмул дар пешбурди аҳдофаш баҳра мебарад, ки натиҷаи он ба бозича гирифта шудани мафҳуми мутаолии ҳуқуқи башар гардидааст.