Як мақоми тоҷикистонӣ аз зарфиятҳои гардишгарии Хуросони Разавӣ боздид кард
(last modified Thu, 19 May 2022 09:12:33 GMT )
Май 19, 2022 14:12 Asia/Dushanbe
  • Ҳабибуллоҳи Амирбекзода  афзӯд: Бо таваҷҷӯҳ ба ин, ки мардуми ҳарду кишвар як забон,як фарҳанг ва як реша доранд нисбат ба якдигар дилбастагии зиёде доранд
    Ҳабибуллоҳи Амирбекзода афзӯд: Бо таваҷҷӯҳ ба ин, ки мардуми ҳарду кишвар як забон,як фарҳанг ва як реша доранд нисбат ба якдигар дилбастагии зиёде доранд

Муовини аввали Кумитаи гардишгарии Тоҷикистон аз зарфиятҳо, имконот ва ҷозибаҳои гардишгарии устони Хуросони Разавӣ боздид кард.

Ба гузориши Садои Хуросон, муовини аввали кумитаи гардишгарии тоҷикистон дар ин боздид гуфт: Барои иҷроӣ шудани табодулоти гардишгарии бахши хусӯсии Тоҷикистон  бо бахши хусӯсии Эрон музокира хоҳад шуд то тафоҳумнома, иҷроӣ шавад. 

Ҳабибуллоҳи Амирбекзода  афзӯд: Бо таваҷҷӯҳ ба ин, ки мардуми ҳарду кишвар як забон,як фарҳанг ва як реша доранд нисбат ба якдигар дилбастагии зиёде доранд.

  • Вай таъкид кард : Мардуми Тоҷикистон мардуми Эронро аз самими қалб дӯст доранд ва ин, ки бо забони форсӣ суҳбат мекунем мояи ифтихори мост.

Мудир кулли мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва   саноеъ   дастии  Хуросони Разавӣ ҳам дар ин боздид гуфт: Ҳайати тоҷикистоние, ки барои  фароҳам кардани муқаддимоти тавсиаи гардишгарӣ  ва  имзои тафоҳумнома ба Теҳрон омада буд ва дар ростои тавсиаи ҳамкориҳои гардишгари байни Эрон ва Тоҷикистон ба Хуросони Разавӣ сафар кард.

Сайидҷаводи Мусавӣ афзӯд: Омодагӣ дорем тури ошноисозӣ барои фаъолони гардимшгарӣ ва фаъолони расонаии Тоҷикистон баргузор ва аз онҳо мизбонӣ кунем ҳамчунин Хуросони Разавӣ таҷрӯбаҳои хубе дар сохти воҳидҳои иқоматӣ ва хадамот расонӣ ва пазироӣ дорад, ки метавонад ин таҷрӯбаҳоро ба Тоҷикистон мунтақил кунад.