Эрон ҷузви 10 кишвари созанда ва партобгари моҳвора дар ҷаҳон
Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷузви 10 кишвари ҷаҳон дар сохти моҳвора, партобгари бумӣ ва эҳдоси истгоҳи фазоӣ аст.
Эрон дар чаҳор даҳаи гузашта гомҳои пайваста ва рӯ ба пешрафтеро дар заминаи дастёбӣ ба фанноварии фазоӣ бардоштааст.
Ҳар чанд душманон бо анвоъи таҳримҳо талош кардаанд монеъ аз пешрафтҳои иқтисодӣ ва илмӣ, аз ҷумла дар санъати фазоии Эрон шаванд, аммо бо вуҷӯди тамоми маҳдӯдиятҳо ва фишорҳо, Ҷумҳурии Исломии Эрон ба анвоъи фанновариҳои фазоӣ ва муртабит бо фазо даст ёфтааст, ки бояд онро муваффақияте бузург барои Эрони исломӣ донист.
Тафовути барномаи фазоии Эрон бо соири кишварҳои минтақаи ғарби Осиё ин аст, ки Эрон бар тавони дохилии худ устувор буда ва аз фанноварии бумӣ ва дохилии худ баҳра ҷӯстааст.
Исо Зореъпӯр, вазири иртибототу фанноварии иттилооти Эрон бо баёни инки Эрон ҷузви 10 кишвари созанда ва партобгари моҳвора аст изҳор кард, ин санъат барои Эрон иқтидор ва фанноварӣ меоварад.
Вай афзуд, Эрон дар авҷи таҳриму сахтӣ ба пешрафтатарин дониш дар ҳавзаи фазо даст ёфтааст, ба тавре, ки сохти моҳвора ва моҳворабар, ки бо диққати зиёд маҳмӯларо ба ҳадаф интиқол медиҳад, амалӣ шуд.
Зореъпӯр бо баёни инки ҳамакнӯн кишварҳое монанди Англия барои партоби моҳвора вобаста ба Русия аст, ки иҷозаи ин корро низ ба ин кишвар надод, тасреҳ кард, ин дар ҳоле аст, ки имрӯз Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ифтихор яке аз кишварҳое аст, ки ин донишро бумӣ кардааст.