Май 21, 2022 11:12 Asia/Dushanbe
  • Намоишгоҳи чорво ва парандаҳои Шероз; технологӣ ва маҳсӯлоти эронии мавриди таваҷҷуҳи ҳамсоягон

Ҳайатҳои тиҷории иқлими Курдистони Ироқ, Қатар , Уммон ва давлати марказии Ироқ дар шонздаҳумин намоишгоҳи байниалмилалии чорво, парандаҳо ва саноати вобаста дар Шероз, бо тавлидкунандагони эронӣ барои ҳамкории иқтисодӣ ва хариди маҳсӯлот эронӣ гуфтугӯ ва ройзанӣ карданд.

Ин намоишгоҳ ба муддати чаҳор рӯз (18 то 21 май) дар маҳали доимии намоишгоҳҳои Шероз доир аст ва беш аз 100 ширкати тавлидкунандаи эронӣ охирин маҳсӯлоти худро дар арсаи санъати чорво ва паранда бо иттико ба дониши эронӣ ба намоиш гузоштанд.

Устони Форс дар арсаи санъати чорво ва паранда дар Эрон пешрав аст ва наздик будант ин устон ба кишварҳои арабии ҳошияи Халиҷи Форс, аҳаммияти ҳузури ҳайатҳои тиҷории арабиро дар шонздаҳумин намоишгоҳи байналмилалии чорво, паранда ва саноати вобастаи Шероз дучандон кардааст.

Карими Сулаймонӣ, узви ҳайати тиҷорӣ аз иқлими Курдистони Ироқ дар гуфтугу бо хабарнигори хабаргузории Эронпресс дар маҳали намоишгоҳи байналмилалии Шерози ҳадаф аз ҳузури худ дар ин намоишгоҳро ошноӣ бо тавонмандиҳои Эрон дар арсаи чорво ва паранда унвон кард.

Сулаймонӣ изҳор кард, кайфияти маҳсӯлоти Эрон дар бахши чорво ва паранда олӣ аст ва илова бар ирсоли маҳсӯлоти эронӣ ба иқлими Курдистони Ироқ, ниёз аст технологияи санъати чорво ва парандаи Эрони ҳам ба Курдистони Ироқ мунтақил шавад.

 

Барчасп