Хатибзода: Аз тарқии ҳуқуқи пайгири таъмини ҳаққобаи Эрон аз рудхонаи Ҳирманд ҳастем
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард: Аз тариқи ҳуқуқи мавзуъи барқарории ҳаққобаи Эрон аз рудхонаи Ҳирмандро пайгири мекунем то ҳаққобаи ин рудхонаи марзӣ, ки Эрон мустаҳақи он аст аз сӯи Афғонистон таъмин шавад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Саиди Хатибзода дар сафари ба Тойбод ва дар ҳошияи боздид аз марзи Дуғорун гуфт: Дар хусуси таъмини ҳаққобаи Эрон аз рудхонаи марзии Ҳирманд аз сӯи Афғонистон дар Систони Балучистон, камисарҳои олии оби ду кишвари муровидоти бо ҳам доштанд.
Хатибзода афзуд: Таъмини ҳаққобаи Эрон, ки бояд муҳақақ мешуд то ба имрӯз муҳақақ нашуда аст.
Сухангӯи Вазораи умури хориҷа ҳамчунин гуфт: Зерсохтҳои хуби дар марзи Дуғон вуҷуд доранд, ки раванди транзит, содирот ва воридотро осон кард ва умед аст дар он сӯи марз ва дар Афғонистон ҳам чунин имконоти фароҳам шавад.
Хатибзода хотирнишон кард: Ҳадаф аз боздид аз маъбари байналмиллалии Дуғон ошноӣ майдонӣ бо ин конуни иқтисодӣ аст ва бахшҳои мухталиф дар марзи Дуғон нишондиҳандаи ҳусни ҳамсоягии Ҷумҳурии Исломии Эрон бо Афғонистон аст.
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар садри ҳайати аз гузаргоҳи байналмиллалӣ Дуғон дар марзи Эрон ва Афғонистон боздид кард.
Қарордоди оби рудхонаи Ҳирманд байни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Афғонистон дар соли 1972 ба имзо расида аст ва бар асоси он солона 850 миллиион метри мукааб аз оби Ҳирманд ба Эрон таъалуқ дорад.