Май 22, 2022 17:13 Asia/Dushanbe
  • Муъовини нахуствазири Қазоқистон вориди Теҳрон шуд
    Муъовини нахуствазири Қазоқистон вориди Теҳрон шуд

Ҳаёате аз Ҷумҳурии Қазоқистон ба раёсати муъовини нахуствазир, вазири тиҷорат ва ҳамгароӣ ин кишвар вориди Эрон шуд.

Пас аз истиқлоли Қазоқистон дар соли 1991 Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷузи аввалин кишварҳое буд, ки бо ба расмият шинохтани он сафорати худро дар пойтахти ин кишвар ифтитоҳ кард ва дар 30 соли гузашта равобити Эрон ва Қазоқистон, ки решаи дар муштаракоти таърихӣ, динӣ ва фарҳангии ду миллат дорад ру ба рушд буда аст.

Ба гузориши ИРНА, ҳайати Ҷумҳурии Қазоқистон, ки ба раёсати Бахит Султонов, муъовини нахуствазир ва вазири тиҷорат ва ҳамгароӣ ин кишвар ба Эрон сафар кард, қарор аст дар ин сафари ду рӯза бо мақомоти аршади эронӣ барои барраси дар мавриди тайфи густардаи аз мавзуъоти ҳамкории Қазоқистон ва Эрон гуфтугӯ кунад.

Раиси ҳайати қазоқистонӣ қарор аст дар ин сафар бо вазирони кишоварзӣ, нефт, роҳу шаҳрсозӣ ва бедошти Эрон ширкати миллӣ нефт ва ширкати миллӣ роҳи оҳан, бонки марказӣ ва утоқи бозаргонӣ Эрон, утоқи бозаргонӣ саноати Қазоқистн ва Эрон ва ҳамчунин ширкатҳои бузурги воридоти ва содироти, ғалот, донаҳои равғанӣ, транзит, бандарӣ, роҳи оҳан, пуштибони ва дигар ширкатҳои эронӣ дидор кунад.

 

Барчасп