Табрики солрӯзи озодии "Хуррамшаҳр"
Имрӯз сешанбе- сеюми хурдод (24 моҳи май), солрӯзи озодсозии Хуррамшаҳр, ҷануби ғарби Эрон дар соли 1982 аст, ин рӯз дар тақвими Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони рӯзи муқовимат, исору пирӯзӣ, номгузорӣ шудааст.
Дар саросари солҳои пурифтихори дифои муқаддас, рӯзҳои бузурге ба сабт расидааст, ки азимату аҳамияти он ҳамвора дар азҳон боқӣ хоҳад монад ва сеюми хурдод, рӯзи озодсозии Хуррамшаҳр дар хилоли ҷанги таҳмилии ҳашт солаи режими баъсии Саддом, диктатори маъдуми Ироқ алайҳи Эрон низ аз ҳамин ифтихороти даврони ҳаштсоли дифои муқаддас аст.
Озодсозии Хуррамшаҳр аз муҳимтарин аҳдофи амалиёти Байтулмуқаддас дар соли 1982 буд. Ин шаҳр пас аз 578 рӯз аз ишғоли режими Баъси Ироқ озод шуд.
Ҳамосаи озодсозӣ Хуррамшаҳр дар ҳамаи абъоди он, ҳам аз низомӣ, ҳамосаӣ ва фарҳангӣ, нуқтаи атфи муҳимме дар таърихи Инқилоби исломии Эрон аст ва рӯҳияи султаситезии миллати Эрон, имрӯз қавитар ва мустаҳкамтар аз пеш ҳамчунон дар масири рушд ва боландагӣ қарор дорад.
Сеюми хурдод на фақат ёдовари озодии Хуррамшаҳр, ки ёдовари фидокориҳо ва истодагиҳои таҳсинбарангези мудофеони Эрони исломӣ дар баробари нерӯҳои мутаҷовиз аст.
Эрону эрониён имрӯз якбори дигар хотираи озодсозии Хуррамшаҳрро гиромӣ медоранд.
Бештар бихонед: