Май 24, 2022 09:41 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ вориди Теҳрон шуд

Оятуллоҳ Саидиброҳими Раисӣ, раисиҷумҳури Эрон, ки бомдоди рӯзи душанбе ба даъвати расмии Ҳайсам бин Ториқ Оли Саъид, султони Уммон ва дар садри ҳайате баландпоя ба ин кишвар сафар карда буд, бомдоди сешанбе вориди фурудгоҳи Меҳробод шуд.

Ба гузориши ИРНА, дидор ва гуфтугу бо султони Уммон, муовини нахуствазири Уммон, тоҷирон ва фаъолони иқтисодӣ ва эрониёни муқими Уммон аз барномаҳои сафари якрӯзаи Раисӣ ба Уммон буд.

Дар ҷараёни ин сафар 12 санади ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои энержӣ, сиёсӣ, ҳамлу нақл, ҳамкориҳои дипломатӣ, равобити тиҷорӣ ва иқтисодӣ, илмӣ, муҳит зисту варзишӣ миёни мақомоти ду кишвар ба имзо расид.

Бештар бихонед:

Барчасп