Ноябр 27, 2016 16:27 Asia/Dushanbe
  • Суқути чархболи Ширкати миллии ҳаффории нафти Эрон дар Дарёи Хазар

Бар асари суқути як чархболи Ширкати миллии ҳаффории нафти Эрон дар дарёи Хазар ҳамаи панҷ сарнишини он кушта шуданд.

Ба гузориши хабаргузори ИРНА,  Муҷтабо Акбарӣ, мудиромили Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари устони Мозандарон дар шимоли Эрон гуфт, ин болгард бомдоди имрӯз (якшанбе) дар 20 километрии бандари Амиробод дар каронаи дарёи Хазар суқут кард.

Ба гуфтаи Акбарӣ, ин болгард панҷ сарнишин дошт ва барои интиқол фарде, ки дучор сакта қалбӣ шуда буд, ба сакуи нафти Эрон дар дарёи Хазар рафта буд, ки дар масири бозгашт ва дар фосилаи ним‎моилӣ аз сакуи нафтӣ, суқут кард.

Пайкари ин панҷ сарнишини ин болгард пайдо шудааст.

Ба гуфтаи масъулони устони Мозандарон, иллати суқут  ин болгард дар дарёи Хазар нақси фаннӣ эълом шуда, аммо токунун ҷаъбаи сиёҳи ин болгард пайдо нашудааст.

 

Барчасп