Май 25, 2022 15:00 Asia/Dushanbe

Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон дар дидори намояндагони Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон таъкид карданд, дар масоили имрӯзи кишвар бо муҷоҳидату ихлос метавон пирӯз шуд.

Намояндагони Маҷлиси Шӯрои исломӣ дар давраи ёздаҳум имрӯз (чаҳоршанбе) бо ҳузур дар ҳусайнияи имом Хумайнӣ (раҳ) бо ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дидор карданд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин дидор фатҳи Хуррамшаҳрро намоди наҷоти миллӣ ва табдили муодилае талх ба муодилаи ширин баршумурданд ва таъкид карданд: Дар масоили имрӯзи кишвар ҳам монанди он даврон бо муҷоҳидату ихлос метавон пирӯз шуд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар идома афзуданд, ҷиҳод, азхудгузаштагӣ, азми росих, ибтикори амал, дунболи корҳову роҳҳои ибтикорӣ гаштан, руҳи ҳамаи инҳо ҳам ихлосуллоҳ ва таваккул ъалаллоҳ, барои Худо кор кардан ва ба Худои мутаол таваккул кардан буд.

Эшон хотирнишон карданд: Ин махсуси он бурҳа ва он ҳодиса набуд ва дар ҳамаи ҳаводиси гуногуни кишвар, ки (шумоҳо) бо он мувоҷеҳед, монанди масоили дохилӣ, хориҷӣ, масоили сахтафзорӣ ва масоили нармафзорӣ, метавон ба кумаки ҳамин чанд омили муҷоҳидат дар роҳи Худо ва амали ҷиҳодӣ, ихлосуллоҳ, азми росих, ибтикори амал ва амсоли инҳо пирӯз шуд.

Машруҳи баёноти Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ мутаоқибан мунташир мешавад.

 

Барчасп