Май 26, 2022 19:37 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории 50 солаи Эрону Уммон дар масири тавсеаи эътимод
    Ҳамкории 50 солаи Эрону Уммон дар масири тавсеаи эътимод

Нойиби раиси камиссиюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии маҷлиси Эрон раванди панҷоҳсолаи ҳамкории ду кишвари Эрону Уммонро дар масири тавсеаи эътимод тавсиф кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Аббоси Муқтадоӣ раванди панҷоҳсолаи ҳамкории ду кишвари Эрону Уммонро дар масири тавсеаи эътимод тавсиф кард ва гуфт: Раиси ҷумҳӯр ва дастгоҳи дипломосии кишвар дар афзоиши иртибот бо ҳамсоягон ҳирфаӣ амал мекунанд.
Муқтадоӣ дар бораи сафари Саидиброҳими Раисӣ ба Уммон афзуд: Давлати сездаҳум бар афзоиши иртибот бо кишварҳои ҳамсоя сармоягузорӣ кардааст, ки ин равия уфуқи ҷадидеро пеши рӯйи иқтисод, тиҷорат ва сиёсати кишвар қарор хоҳад дод.
Нойиби раиси камиссиюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии маҷлис афзуд: Сафари раиси ҷумҳӯр ба Уммон нишон дод дар иртибот бо ҳамсоягон метавон муваффақ амал кард ва дар мулоқотҳое ки раиси ҷумҳӯр анҷом дод, фазои таъомул барои тавсеаи ҳамкориҳо комилан ошкор буд.
Муқтадоӣ иртиботи Эрону Уммонро барои дигар кишварҳо қобили таъмим донисту афзуд : Дар ин сафари якрӯза илова бар дидору гуфтугӯ бо султони Уммон, ҷонишини нахуствазири ин кишвар ва бархе аз вузарои давлати Уммон раиси ҷумҳӯр бо фаъолони иқтисодӣ ва туҷҷори эронии муқими Уммон низ нишастеро баргузор кард, ки гуфтгӯҳои корбурдии байни тарафайн радду бадал шуд.

 

Барчасп