Арманистон хостори тавофуқномаи тиҷорати озод миёни Эрон ва Иттиҳодияи Авруосиё
(last modified Sat, 28 May 2022 16:29:14 GMT )
Май 28, 2022 21:29 Asia/Dushanbe
  • Арманистон хостори тавофуқномаи тиҷорати озод миёни Эрон ва Иттиҳодияи Авруосиё
    Арманистон хостори тавофуқномаи тиҷорати озод миёни Эрон ва Иттиҳодияи Авруосиё

Нахуствазири Арманистон эълом кард, Ереван ба ниҳоӣ шудани як тавофуқномаи тиҷорати озод миёни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Иттиҳодияи Авруосиё алоқаманд аст.

Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё дар октябри соли 2019 дар қолаби ҳамгароӣ ва ҳамкории минтақавӣ ва бо ҳадафи озодсози ва осон намудани тиҷорати коло ва иртиботот ва афзоиши ҳамкориҳо ба сурати тавофуқномаи се сола то октябри соли 2022 миёни Эрон ва кишварҳои узв ба имзо расид.

Ин Иттиҳодия, ки кишварҳои Русия, Қазоқистон, Беларусия, Қирғизистон ва Арманистонро шомил мешавад бешатар аз 190 миллион нафар ҷамъият дорад ва тавлиди нохолиси миллӣ дар ин кишварҳо беш аз 2.7 триллион  доллар ва тиҷорати хориҷии онҳо бо кишварҳои берун аз Иттиҳодия ҳудуди 900 миллиард доллар аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон Никол Пашениян, нахуствазири Арманистон дар нишасти шӯрои олии иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё гуфт: Лозим аст дар мавриди тавсеаи тарҳҳои озмоишӣ ва иқдомоти муштарак бо ҳадафи густариш ва таъмиқи равобити тиҷорӣ ва иқтисодӣ ва ҳамчунин эҷоди фароянди ҳамкориҳо фикр шавад.

Пашениян изҳор кард дар Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё ин муҳим аст меканизмҳоеро барои ба ҳадиақал расондани хатарот ва чолишҳои ношӣ аз иқтисоди ҷаҳонӣ, ки дар моҳҳои ахир ҳаҷму умқ ва бесобиқа дошта тавсеа дод.

Нахуствазири Арманистон идома дод, эҷоди равобити ин иттиҳодия бо кишварҳои сегона бисёр муҳим аст таҷрубаи амалкарди тавофуқи муваққат бо Теҳрон ҷазобияти бозори Эрон ва чашмандози барои густариши ҳамкориҳоро ошкоро нишон медиҳад.