Май 29, 2022 18:29 Asia/Dushanbe
  • Тиҷорати 131 миллион долларии Эрон бо Тоҷикисон
    Тиҷорати 131 миллион долларии Эрон бо Тоҷикисон

Сухангӯи гумрук гуфт: Соли 1400 ҳудуди 139 ҳазор тонна колои ғайри нефти ба арзиши 131 миллион доллар байни Эрон ва Тоҷикистон табодул шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Руҳулло Латифӣ афзуд: Ин мизон нисбат ба муддати мушобеҳ 489 дарсад дар вазн ва 463 дарсад дар арзиши моллӣ рушд дошта аст.

Сухангӯи гумрук изҳор дошт: Дар соли гузашта 124 ҳазору 737 тонна колои эронӣ ба арзи ши 91 миллиону 601 ҳазор доллар ба Тоҷикистон содир шуд, ки нисбат ба соли 99 рушди 535 дарсадӣ дар вазн ва 459 дарсади дар арзиши дошта аст.

Вай афзуд: Воридот аз Тоҷикисон дар соли 1400 бо рушди 263 дарсадӣ дар вазн ва 439 дарсадӣ дар арзиш ба 14 ҳазору 512 тонна колол ба аризиши 39 миллиону 437 ҳазору 655 доллар расид.

Латифӣ идома дод: Маҷмуъи равобити тиҷорати Эрон бо Тоҷикистон дар 15 соли гузашта фақат ду миллиону 713 ҳазору 933 тонна коло ба арзиши 2 миллиарду 583 миллиону 735 ҳазору 89 доллар буд, ки саҳми содироти Эрон ба Тоҷикистон ду миллиону 527 ҳазору 937 тонна коло ба арзиши ду миллиарду 207 миллиону 369 ҳазору 651 доллар буд ва воридот аз Тоҷикистон низ 185 ҳазору 996 тонна коло ба арзиши 376 миллиону 365 ҳазору 438 доллар буда аст.

Сухангӯи гумрук дар хусуси колоҳои воридотӣ аз Тоҷикистон гуфт: Дар соли гузашта пахтаи ҳалоҷинашуда ва пилаи кирми арбершим колоҳои харидоришуда тоҷирони эронӣ аз Тоҷикистон буд.

Сухангӯи гумрук дар хусуси колоҳои содиротӣ гуфт: Маҳсулоти кишварзӣ, меваихушк, масолеҳи сохтмонӣ, маҳсулоти петрошимӣ, ширинӣ ва шакалот, маҳуслоти саноатӣ, лавозими электроникӣ, лавозими хонагӣ, пояфзолу пушок, лавозими ошпазхона, маҳсулоти кимёӣ, дастгоҳҳои саноатӣ, порча (матоҳ), чарм, лавозимутаҳрир (ваосили хониш), таҷҳизоти кишоварзӣ ва лавозими бастабани аз ҷумла колоҳои эронии содиротӣ ба Тоҷикистон буд.