Май 29, 2022 21:05 Asia/Dushanbe
  • Мусобиқоти байналмиллалӣ дави майдони дар Машҳад оғоз шуд
    Мусобиқоти байналмиллалӣ дави майдони дар Машҳад оғоз шуд

Мусобиқоти байналмиллаӣ дави майдони ҷоми Имом Ризо(а) бо ҳузури варзишкорони 8 кишвар дар Машҳад оғоз шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, раиси ҳайати давимайдонии Хуросони Разавӣ рӯзи якшанбе бо баёни ин матлаб ба хабарнигори ИРНА гуфт: Марҳалаи муқадимотии ин мусобиқот субҳи имрӯз ва марҳали асли аз баъди зуҳри имрӯз то фардо шаб дар 22 ришта баргузор мешавад.

Ризо Баёни афзуд: Дар ин мусобиқот 150 варзишкор дар 22 ришта аз ҳашт кишвари хориҷӣ ҳамроҳ бо варзишкорони эронӣ бо ҳам рақобат мекунанд.

Вай идома дод: Дар ин мусобиқоти дави майдони кишварҳои Ироқ, Арманистон, Туркия, Кувайт, Афғонистон, Уммон, Покистон ва Бангладеш ҳамроҳи варзишкорони эронӣ ширкат карданд.

Раиси ҳайати дави майдонии Хуросони Разавӣ гуфт: Ин мусобиқот гиромидошти устод Али Боғбонбошӣ дар майдони дави варзишгҳи Имом Ризо(а)  дар ҳоли баргузори аст ва раиси конфедрасиони дави майдонии Осиё ва масъулони аршади Вазорати варзиш ва федератсияи дави майдони аз ҷумла меҳмонони ин мусобиқот ҳастанд.

Барчасп